Ноябр 13, 2018 14:19 Asia/Dushanbe
  • Радди хабари тарроҳии амалиёти террористӣ барои пойгоҳи 201-и Русия

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман эълом кард, ки ҳеҷ гуна тарҳе мабнӣ бар тарроҳӣ ва анҷоми амалиёти террористӣ дар пойгоҳи 201-и Русия вуҷуд надоштааст.

Дилшод Абдулалимов, раиси дафтари матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зимни тамос бо хабаргузории Азия-плюс, тасреҳ кардааст: Мо хабари боздошти гурӯҳе аз исломгароёнро, ки қасди анҷоми амалиёти террористӣ дар пойгоҳи 201-и Русия дар Душанбе доштаанд, рад мекунем. Ин як хабари дурӯғ аст ва мо касеро боздошт накардаем.

Рӯзи гузашта Радиои Озодии Амрико хабареро бинобар омодагии теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои иҷрои амалиёти террористӣ дар пойгоҳи 201-и Русия мунташир кард, ки дар дигар сомонаҳои хабарии тоҷикӣ низ бознашр ёфт.

Бар асоси иддаои Радиои Озодии Амрико, неруҳои амниятии Тоҷикистон рӯзи 4 ноябр 12 нафар аз шаҳрвандони ин кишварро боздошт карданд, ки бо дастури гурӯҳи террористии ДИИШ қасди ҳамла ба пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистонро доштанд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти пойгоҳи 201-и Русия эълом кардаанд, фаъолияти ин пойгоҳ тибқи ҳолати маъмулӣ ҷараён дорад ва онҳо аз ҳар гуна тарҳе барои ҳамлаи террористӣ ба пойгоҳ бехабаранд.

Пойгоҳи 201-и Русия бузургтарин маркази низомии Русия дар хориҷ аз ин кишвар аст.