Тоҷикистон - дувумин кишвари муҳоҷирфирист ба Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i39435-Тоҷикистон_дувумин_кишвари_муҳоҷирфирист_ба_Русия
Федератсияи коргарони муҳоҷири хориҷии Русия эълом кард, ки дар соли 2018 Тоҷикистон аз нигоҳи теъдоди коргарони фиристодааш ба Русия пас аз Ӯзбакистон дар ҷойгоҳи дувум қарор дорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 14, 2018 06:39 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон - дувумин кишвари муҳоҷирфирист ба Русия

Федератсияи коргарони муҳоҷири хориҷии Русия эълом кард, ки дар соли 2018 Тоҷикистон аз нигоҳи теъдоди коргарони фиристодааш ба Русия пас аз Ӯзбакистон дар ҷойгоҳи дувум қарор дорад.

Ба гузориши сомонаи Федератсияи коргарони муҳоҷири хориҷии Русия, имсол як миллиону 745 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия омадаанд, ки 790 ҳазор нафар аз онон ҳадафи худро пайдо кардани кор ном бурдаанд.

Гуфта мешавад, ки наздик ба 11 дарсад аз шаҳрвандони Тоҷикистон акнун ба унвони коргари муҳоҷир дар Русия ба сар мебаранд.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузориши Бонки Марказии Русия, дар шаш моҳи нахусти имсол коргарони муҳоҷири тоҷик як миллиарду 150 миллион доллар даромади худро ба Тоҷикистон мунтақил кардаанд, ки ин рақам 89 миллион доллар бештар аз давраи мушобеҳи соли қабл аст.

Аз сӯйи дигар, ахиран Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон барои бори нахуст эътироф кард, ки коҳиши мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия бар фаъолияти низоми бонкии ин кишвар таъсири ногуворе доштааст.

Вай бо ишора ба коҳиши вогузории қарзҳо таъкид кардааст, ки акнун онҳо ночоранд аз хароҷоти ғайризарурӣ бикоҳанд.

Дар соли 2014 коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия ба кишварашон 4 миллиарду 200 миллион доллар ирсол карда буданд, ки дар солҳои 2015 ва 2016 ин шохис ба 1 миллиарду 500 миллион доллар ва дар соли 2017 ба 2 миллиард доллар расид.