Намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзии арзон дар пойтахти Тоҷикистон
Ноябр 15, 2018 13:49 Asia/Dushanbe
Шаҳрдори Душанбе эълом кард, рӯзҳои 16-17 ноябр дар бозорҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла “Саховат”, “Меҳргон”, “Қаряи боло” ва “Ховарон” намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз минтақаҳои гуногуни кишвар доир мешавад.
Ба гузориши сомонаи расмии шаҳрдории Душанбе, намояндаи шаҳрдории Душанбе гуфт, ин намоишгоҳҳо дар рӯзи Президент ва рӯзи ба кор андохтани чархаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” бо ҳадафи “фаровонии маҳсулот дар бозорҳо ва ғанӣ гардонидани суфраҳои сокинони пойтахт” баргузор мешавад.
Дар ин бозорҳо мева ва сабзиҷот бо қимати арзонтар аз бозор барои сокинони пойтахт арза мегардад.
Ин намоишгоҳҳоро ожонси захираҳои моддии давлатӣ ва иттифоқи “Тоҷикматлубот” ташкил медиҳанд.