Намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзии арзон дар пойтахти Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i39481-Намоишгоҳи_фурӯши_маҳсулоти_кишоварзии_арзон_дар_пойтахти_Тоҷикистон
Шаҳрдори Душанбе эълом кард, рӯзҳои 16-17 ноябр дар бозорҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла “Саховат”, “Меҳргон”, “Қаряи боло” ва “Ховарон” намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз минтақаҳои гуногуни кишвар доир мешавад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Ноябр 15, 2018 13:49 Asia/Dushanbe
  • Намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзии арзон дар пойтахти Тоҷикистон

Шаҳрдори Душанбе эълом кард, рӯзҳои 16-17 ноябр дар бозорҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла “Саховат”, “Меҳргон”, “Қаряи боло” ва “Ховарон” намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз минтақаҳои гуногуни кишвар доир мешавад.

Ба гузориши сомонаи расмии шаҳрдории Душанбе, намояндаи шаҳрдории Душанбе гуфт, ин намоишгоҳҳо дар рӯзи Президент ва рӯзи ба кор андохтани чархаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” бо ҳадафи “фаровонии маҳсулот дар бозорҳо ва ғанӣ гардонидани суфраҳои сокинони пойтахт” баргузор мешавад.

Дар ин бозорҳо мева ва сабзиҷот бо қимати арзонтар аз бозор барои сокинони пойтахт арза мегардад.

Ин намоишгоҳҳоро ожонси захираҳои моддии давлатӣ ва иттифоқи “Тоҷикматлубот” ташкил медиҳанд.