Ноябр 18, 2018 09:38 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши қарзи хориҷии Тоҷикистон

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, ки дар 9 моҳи нахусти имсол қарзи хориҷии ин кишвар ба 2 миллиарду 874 миллион доллар расидааст.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, ин шохис 5 миллиону 200 ҳазор доллар камтар аз оғози имсол аст. Ин мизон қарзи хориҷии Тоҷикистон бо 40 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар баробар аст.

Бештарин мизони ин қарз, ба арзиши як миллиарду 200 миллион доллар мутааллиқ ба Бонки содирот ва воридоти кишвари Чин аст. Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё, Бонки Рушди Исломӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул ҳам аз дигар ниҳодҳое ҳастанд, ки Тоҷикистон аз инҳо қарз гирифтааст. Тоҷикистон аз Сандуқи рушди Арабистони Саудӣ, Бунёди рушди Кувейт, Сандуқи зидди буҳрони Бонки Авруосиё, Бонки Рушд ва Бозсозии Аврупо, Фаронса ва Олмон низ қарздор аст.

Имсол барои бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон наздик ба 91 миллион доллар дар назар гирифта шудааст.