Сентябр 11, 2016 20:15 Asia/Dushanbe
  • Паёми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Иди Қурбон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёме телевизионӣ фаро расидани Иди Саиди Қурбонро табрик гуфт ва барои миллати тоҷик сулҳу оромиш ва файзу баракат орзӯ кард.

Дар паёми табрикии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: "Имсол таҷлили ин иди суннатии аҷдодамон ҳамзамон бо ҷашни бузург ва муқаддаси 25 - солагии истиқлоли Тоҷикистон шудааст, ки дар сулҳу суботи комил ва бо шукӯҳи хос дар гӯшаву канори кишвар ҷашн гирифта шуд ва ин ҷашн ҳамчунон низ идома дорад".

Эмомалӣ Раҳмон гуфт: "Мо бояд ҳамеша истиқлоли ҳукумати Тоҷикистонро, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовиди миллати мост, чун гаронбаҳотарин неъмати зиндагии худ қадр бидонем".

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард: "Аз баракати истиқлол аст, ки имрӯз сокинони кишварамон ҳама русуму ойинҳои миллӣ ва динии худ, аз ҷумла суннатҳои Иди Саиди Қурбонро озодона ва бидуни ҳеҷ монеае баргузор мекунанд".

Раҳмон, ҳикмати ин иди бузургро тибқи таълимоти дини мубини Ислом самимият ва садоқат ба Худои таоло, ростӣ ва растагорӣ ва сафои қалбу рӯҳ дониста ва таъкид кард: "Яке аз муҳимтарин ҳикматҳои ин ойини неки динӣ, иттиҳод ва ҳамбастагии мусулмонон, кӯмак ба ҳамдигар ва гирифтани дасти ниёзмандон ва ятимон ва барҷомондагон аст, ки бузургони пешини мо низ дар таълимоти ахлоқияшон ба он ишораҳо кардаанд ва маънии дин ва дунёро дар некӯкорӣ ва саховату покназарӣ дидаанд".

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба вуқӯи ҷангҳои хунин дар манотиқи мухталифи ҷаҳон ва иқдомоти ваҳшёнаи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро ба номи Ислом таъкид кард: "Дар чунин шароите тарвиҷи некӯкорӣ ва хайр аз сӯйи мусулмонон, аз ҷумла мардуми тоҷик ба таҳкими ризоят ва дарки якдигар дар ҷомеа ва тақвияти сулҳу субот дар кишвар кӯмак мекунад".