Ноябр 18, 2018 15:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори мақоми амниятии тоҷик дар бораи харобкории террористҳои ДИИШ дар Тоҷикистон

Муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо ишора ба интиқоли террористҳои ДИИШ аз Сурия ва Ироқ ба шимоли Афғонистон гуфт, ин афрод омӯзиши вижа дидаанд ва барои харобкорию ҳамалоти террористӣ ба Тоҷикистон мунтақил мешаванд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Мансурҷон Умаров, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, бо оғози ҷанг дар Сурия ва Ироқ дар гурӯҳи террористии ДИИШ ҳудуди 1899 шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур дошт. Умаров афзуд, шаҳрвандони Тоҷикистон аз тариқи Туркия ба Сурия ва Ироқ нақл макон мекарданд, ҳамчунин теъдоде низ аз тариқи Маскав, Бишкек, Дубай ва Боку ба ин кишварҳо сафар мекарданд. Ба гуфтаи ин мақоми амниятии тоҷик, ҳамакнун садҳо узви хонаводаи ин афрод дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон ҳастанд.

Муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, мушкил ин аст, ки баъд аз марги террористҳои узви ДИИШ, ки дар Тоҷикистон мутаваллид шудаанд, ҳамсарон ва фарзандони онҳо дар ин кишварҳо боқӣ монда ва тавассути соири созмонҳои террористӣ шустушӯи мағзӣ мешаванд. Муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон афзуд, беш аз 80 тоҷикистонии сокини Сурия ва Ироқ бо талоши мақомоти Тоҷикистон ба Ватан бозгаштаанд, аммо мақомот ҳанӯз иттилооти дақиқе дар мавриди теъдоди тоҷикҳои кушташуда дар Сурия ва Ироқ надоранд.

Ба гуфтаи Умаров, ҳамчунин беш аз 1700 узви ДИИШ дар Тоҷикистон бозҷӯӣ шудаанд.