Ноябр 19, 2018 10:07 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби созишномаи транзитӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи танзими муқаррароти транзитӣ миёни ин кишвар ва Туркманистонро тасвиб кард.

Ба гузориши сомонаи “CA New”, бар асоси ин созишнома, муқаррароти дарёфти молиёт, боҷи гумрукӣ барои содироту воридоти коло, маофият аз дарёфти молиёти зиёд ва нархи хадамоти транзитии миёни Тоҷикистон ва Туркманистон мушаххас мешавад, ки қаблан ба далели набудани ин тавофуқнома мошинҳои боркаши Тоҷикистон дар вурудиҳои Туркманистон беш аз як моҳ мутаваққиф шуданд. Вазорати молияи Тоҷикистон, ки ин созишномаро барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар ироа карда буд, муътақид аст, акнун мавонеи муомилоти тиҷорӣ бо Туркманистон рафъ ва заминаи густариши муомилоти тиҷории ин ду кишвар фароҳам хоҳад шуд. Аз сӯйи дигар мизони муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Туркманистон дар соли 2017 наздик ба 50 миллион доллар будааст. Дар ин муддат Тоҷикистон ба Туркманистон ба маблағи 1 миллиону 500 ҳазор доллар маҳсулоти содир карда ва мизони воридот аз ин кишвар ба Тоҷикистон наздик ба 49 миллион доллар эълом шудааст.

Гуфта мешавад, мизони муомилоти тиҷории Тоҷикистону Туркманистон тайи ҳашт моҳи соли ҷорӣ наздик ба 37 миллион доллар будааст.

Коршиносон мегӯянд, дар асл созишномаи транзитии миёни Тоҷикистону Туркманистон дар соли 2017 дар Душанбе имзо шуда, парлумони Туркманистон онро ба тасвиб расондааст. Аммо тарафи Тоҷикистон ба далелҳои номаълум тасвиби ин созишномаро ба дарозо кашондааст, ки ин мавзӯъ яке аз иллатҳои як моҳ мутаваққиф шудани мошинҳои боркаши Тоҷикистон дар вурудиҳои Туркманистон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ба ҳисоб меояд. Ин монеатарошӣ дар роҳи ҳаракати мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз қаламрави Туркманистон мӯҷиби ворид шудани хисороти зиёди молӣ шуд, ки аз ҳама бештар Корхонаи арзизи Тоҷикистон зиён дид.