Хонаи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мусодира мешавад
Манзили маскунии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ муассис ва раҳбари фақиди ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати исломӣ ба нафъи давлат мусодира хоҳад шуд.
Ба гузориши сомонаи Ахбор, мақомоти ҳукуматӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ҳоли таҳияи дархосте аз кӯчаи Дӯстии халқҳо ҳастанд, ки дар он зарурати ба дармонгоҳ табдил кардани манзили маскунии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мавзӯи аслӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки Вазорати адлияи Тоҷикистон дар соли 2016 бо ирсоли номае ба дафтарҳои асноди расмии ин кишвар хостори мамнуъияти ҳар навъ муомила бар сари амволи манқул ва ғайриманқули муртабит бо хонаводаи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ шуда буд.
Дар ҳоле, ки дар ин манзили маскунӣ 4 фарзанди марҳум Нурӣ бо хонаводаҳояшон зиндагӣ мекунанд, онон амалан ҳеҷ ҳаққи тасмимгирӣ дар бораи ин хона надоранд.
Ҳатто дар соли 2017 танҳо ба хотири тармим ва рангубори ин манзили маскунӣ, фарзандони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ маҳкум ба пардохти ҷаримаи сангини молӣ шудаанд.
Замоне ки онон хостанд ба далели мушкилоти молӣ бахше аз ин хонаро ба иҷора диҳанд, бо мухолифати мақомоти ҳукуматӣ рӯбарӯ шуданд.
Ин манзили маскунӣ дар соли 2001 бо муҷаввизи расмии шаҳрдории Душанбе дар маҳалли рехтани партовҳо сохта шуда ва акнун мақомоти ҳукуматӣ қасд доранд, ки ба баҳонаи набуди дармонгоҳ дар ин минтақа ва ба дархости сокинони кӯчаи Дӯстии халқҳо, хонаи марҳум Нуриро мусодира ва ба маркази дармонӣ табдил кунанд.
Сайид Абдуллоҳ Нурӣ дар солҳои 1997 то 2000 барои иҷрои бандҳои Созишномаи сулҳи тоҷикон, раёсати Комиссияи оштии миллиро бар уҳда дошт ва дар соли 2006 дар сини 59-солагӣ дори фониро видоъ гуфт.