Ноябр 20, 2018 11:53 Asia/Dushanbe
  • Сафари 1 миллиону 165 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Узбакистон

Беш аз 1 миллиону 165 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар 9 моҳи имсол ба Узбакистон сафар кардаанд.

Ба гузориши сомонаи Азия-плюс, мақомоти марзбонии Тоҷикистон эълом кардаанд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ пас аз фароҳам шудани заминаи сафари 30-рӯза ва бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон, беш аз 1 миллиону 165 ҳазор нафар тоҷикистониҳо аз кишвари ҳамсоя боздид кардаанд.

Дар ин муддат 1 миллиону 253 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Узбакистон низ бо истифода аз муқаррароти сафари 30-рӯза ва бидуни раводид аз Тоҷикистон боздид кардаанд.

Дар баҳори соли ҷорӣ эълом шуда буд, ба далели фароҳам шудани заминаи сафари 30-рӯза ва бидуни раводиди шаҳрвандон Тоҷикистон ва Узбакистон ба кишварҳои якдигар, рӯзона 10 ҳазор нафар аз 10 гузаргоҳи марзии миёни ду кишвар убур мекунанд ва ҳар дам ба теъдоди онҳо афзуда мешавад.

Тоҷикистон ва Узбакистон дорои 16 гузаргоҳи марзӣ ҳастанд, ки дар даврони раёсати ҷумҳурии Ислом Каримов танҳо ду гузаргоҳ фаъол буд ва имкони сафари бидуни раводид ҳам вуҷуд надошт.

Бо боз шудани 16 гузаргоҳи марзии миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ва фароҳам шудани сафари 30-рӯзаи бидуни раводиди шаҳрвандони ин ду кишвари ҳамсоя ба кишварҳои якдигар, рафтуомади мусофирон ва мошинҳои сабукрав ва борӣ бо афзоиши қобили мулоҳизае рӯбарӯ шудааст.

Пас аз даргузашти Ислом Каримов раиси ҷумҳурии пешини Узбакистон дар моҳи сентябри сол 2016 ва рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев дар Тошканд тамоми роҳҳои заминии миёни ин ду кишвар, ки 25 соли охир ба таври якҷониба аз сӯи Тошканд баста шуда буд, бозгушоӣ ва низоми раводид низ бардошта шуд.