Ноябр 20, 2018 15:02 Asia/Dushanbe

Рузи душанбе 19 ноябр дар як садамаи ронандагӣ дар вилояти Маскав 9 нафар захмӣ шуданд, ки шуморе аз онон шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, намояндаи маркази матбуоти пулиси вилояти Маскав гуфт, рӯзи душанбе, соати наздики 15:00 дар километри 33-юми шоҳроҳи «Урал» дар ҳудуди ноҳияи Раменское вилояти Маскав, як микроавтобус ба як мошини боркаш бархӯрдааст, ки дар натиҷаи садама  9 нафар маҷруҳ шуданд.

РЕН ТВ бо нашри руйхати ҳашт захмӣ хабар дод, ки аксари осебдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Номи ин ҳашт маҷруҳ ба нақл аз ин шабакаи русӣ ба шарҳи зер аст:

1.Раҷабгул П., 23-сола;

2.Акмал Н., 19-сола;

3.Тӯхтамурод Д., 56-сола;

4.Хайриддин С., 52-сола;

5.Малоҳати Ю., 53-сола;

6.Тоҷинисо Ч., 35-сола;

7.Радислав А., 29-сола;

8.Фариз И., 28-сола.

Вай афзуд: як нафарро дар ҳолати вазнин дар Маркази травматологии бемористони шаҳри  Жуковский бистарӣ кардаанд. Ҳашт нафари дигари осебдидагон низ  ба бемористони ноҳияи Раменское мунтақил шудаанд.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати тандурустии вилояти Маскав, иттифоқан ин садама дар назди як мошини табибон, ки аз он роҳ ҳаракат мекарданд, рух додааст ва табибон алакай баъди як дақиқа ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ба осебдидагон кумак карданд.

Таҳқиқ дар бораи иллати ҳодиса идома  дорад.