Ояндаи норавшани фаъолияти ширкати давлатии “Барқи Тоҷик”
(last modified Wed, 21 Nov 2018 05:25:53 GMT )
Ноябр 21, 2018 10:25 Asia/Dushanbe
  • Ояндаи норавшани фаъолияти ширкати давлатии “Барқи Тоҷик”

Арзёбиҳои ширкати муҳосиботи байналмилалии Moore Stephens KSC Assuraance SRL нишон медиҳад, ки ширкати “Барқи Тоҷик” дар соли 2017 наздик ба севуним миллиард сомонӣ зиён додааст.

Ба гузориши хабаргузории Фарғона, ширкати муҳосиботи байналмилалии Moore Stephens KSC Assuraance SRL дар натоиҷи баррасии фаъолияти ширкати “Барқи Тоҷик” таъкид кардааст, ки ин ширкат дар соли 2017 се миллиарду 400 миллион сомони (361 миллион доллар) хисорат дида ва бо ин авзои нобасомони молӣ идомаи фаъолияти он норавшан боқӣ мемонад.

Бар асоси тасмими Бонки Ҷаҳонӣ, ҳамасола фаъолияти ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” - ро яке аз ниҳодҳои муҳосиботи байналмилалӣ мавриди бозрасӣ қарор медиҳад, ки ин иқдом аз соли 2012 ва дар пайи ифшо шудани ихтилос дар наҳваи истифода аз кумаки молии Бонки Ҷаҳонӣ ба ин ширкати тоҷикистонӣ оғоз гардид.

Моҳи июли имсол Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон эълом карда буд, ки қарзи ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” ба нерӯгоҳи обии барқи “Сангтуда -1” беш аз 108 миллион доллар, “Сангтуда – 2” беш аз 130 миллион доллар, “Ориёнбонк” 195 миллион доллар ва Кумитаи андоз наздик ба 12 миллион доллар аст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи майи имсол эълом кард, ки бо ислоҳоти сохторӣ дар ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” ду ҷамъияти саҳҳомии ом (кушода) таъсис хоҳад шуд.

Мақомоти ҳукуматӣ дар Душанбе муътақиданд, ки далели аслии афзоиши қарзи ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” шаффоф набудани амалкарди молии он, нотавонӣ дар мудирият ва таъйини қимати пойини барқ барои корхонаҳои бузурги саноатии ин кишвар аст.