Вазир: Тоҷикистон метавонад ба Русия сементи арзон содир кунад
Вазири саноат ва технологияҳои муосири Тоҷикистон эълом кардааст, ки ин кишвар метавонад ба Русия масолеҳи сохтмонии арзон, аз ҷумла сементи бокайфият содир кунад.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Шавкат Бобозода гуфтааст, ки дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 11 корхонаи тавлиди семент фаъолият мекунад, ки маҳсули онҳо ба Афғонистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон содир мешавад.
Ба гуфтаи вазири саноат ва технологияҳои муосири Тоҷикистон, дар бозори масолеҳи сохтмонии Русия қимати як тон семент 70 доллар аст ва Душанбе омода аст сементи худро бо нисфи қимат ба Русия содир кунад.
Корхонаҳои сементи Тоҷикистон дар 9 моҳи гузашта тавлиди ин маҳсули муҳими сохтмониро ба ду миллиону 900 ҳазор тон расонидаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 640 ҳазор тон бештар аст.
Ҳамчунин дар ин муддат Тоҷикистон як миллиону 53 ҳазор тон аз ин маҳсули сохтмониро ба дигар кишварҳо содир кардааст.
Дар соли 2017 корхонаҳои сементи Тоҷикистон тавлиди ин маҳсули муҳими сохтмониро ба се миллиону 100 ҳазор тон расонидаанд, ки бахше аз он ба Ӯзбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон содир шудааст.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 11 корхонаи семент бо зарфияти арзаи солона чаҳор миллион тон аз ин маҳсули муҳими сохтмонӣ фаъолият мекунанд, ки тавлиди онҳо ба тақозо дар бозори дохилӣ ва содирот ба хориҷ бастагӣ хоҳад дошт.