Душанбе мизбони нишасти Кумитаи хадамоти ҳуқуқии вазоратхонаҳои хориҷаи ИДМ
Нишасти Кумитаи хадамоти ҳуқуқии вазоратхонаҳои умури хориҷаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 22 ва 23 ноябр дар Душанбе баргузор мешавад.
Ба гузориши хабаргузории Форс, маркази матбуоти Кумитаи иҷроии ИДМ рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, намояндагони ниҳодҳои дипломатии ИДМ дар нишасти ду рӯзаи худ дар Душанбе, масоили марбут ба ҳамкориҳои муштараки ҳуқуқиро баррасӣ мекунанд.
Кумитаи машваратии сарони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои умури хориҷаи ИДМ ҳамчунин қарор аст, дар ин нишаст дар бораи раванди омодасозии нусхаи баъдии тавсияҳои равишманд барои таҳияи пешнависи муоҳидоти байналмилалӣ гуфтугӯ кунанд.
Аҳдофи аслии ин нишаст, табодули густардаи иттилоот ва назарот дар мавриди масоили муҳимми сиёсати хориҷӣ, сиёсати минтақаӣ ва байналмилалии мавриди алоқаи тарафҳо аст.
Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украин узви ИДМ ҳастанд.