Ноябр 22, 2018 10:08 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи ҳамкории бонкҳои Тоҷикистон бо як бонки Русия ба далоили амниятӣ

Пас аз ҳамалоти ҳакерӣ ва ирсоли бадафзорҳои хатарнок, бонкҳои Тоҷикистон маҷбур шуданд муомилоти молӣ бо системаи бонкии “Юнистрим” -и Русияро мутаваққиф кунанд.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, аз субҳи рӯзи 21 –уми ноябр “Ориёнбонк”, “Амонатбонк” ва “Имон Интернешнл” дар пайи дарёфти ҳушдори амниятӣ аз маркази вокуниш ба ҳамалоти роёнаии Бонки марказии Русия, ки ба маънии афзоиши ирсоли вирусҳо ба системаи бонкии “Юнистрим” - и ин кишвар ва эҳтимоли дуздида шудани дороиҳои муштариён буд, бонкҳои Тоҷикистон маҷбур шуданд муомила бо ин бонки русиро мутаваққиф кунанд.

Маркази вокуниш ба ҳамалоти роёнаии Бонки марказии Русия бо ирсоли паёме ба бонкҳои Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон ҳушдор додааст, ки “Юнистрим” дар рӯзҳои ахир мавриди ҳамалоти бесобиқаи ҳакерӣ аз хориҷ қарор гирифта ва бадафзорҳои хатарнок, ки аҳдофи амниятӣ ва ҷосусӣ доранд, аз номи ин бонки Русия ба марокизи молии ҳамкори он дар дохил ва хориҷи Русия ирсол мешавад.

Ин марказ эълом кардааст, барои ҷилавгирӣ аз дуздида шудани иттилоот ва дороиҳои муштариён бояд то замони ислоҳи шароит, муомилоти молӣ бо бонки “Юнистрим” - и Русия мутаваққиф шавад.

Аз сӯйи дигар, маркази вокуниш ба ҳамалоти роёнаии Бонки марказии Русия эълом кардааст, ки баррасии мушкили мавҷуд аз ҳамалоти ҳакерии ахир ба бонки “Юнистрим” - ро ба поён расонда ва дар сурати итминон аз идома наёфтани он ва рафъи авоқиби ин ҳодиса, бонкҳои Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистонро барои аз саргирии муомилоти молӣ бо ин бонки русӣ огоҳ хоҳад кард.