Амал кардани Тоҷикистон ба тааҳҳудоти минтақаии худ дар таъмини энержӣ
(last modified Thu, 22 Nov 2018 05:41:59 GMT )
Ноябр 22, 2018 10:41 Asia/Dushanbe
  • Амал кардани Тоҷикистон ба тааҳҳудоти минтақаии худ дар таъмини энержӣ

Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон гуфт, ин кишвар ба тааҳҳудоти хеш барои таъмини барқу оби мавриди ниёзи Ӯзбакистон ва Қазоқистон амал кардааст.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Усмоналӣ Усмонзода гуфтааст, ки пас аз бозсозии дубораи хутути интиқоли барқ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, ки 10 сол қабл тахриб шуда буд, дар моҳҳои апрел то сентябри имсол ба Ӯзбакистон як миллиарду 500 миллион киловатт соат барқ ба қимати ду сент барои ҳар киловатт соат содир шудааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи Усмонзода, аз ҳисоби захирасозии оби рӯдхонаи Сир дар садди нерӯгоҳи обии Қайроқум, дар вилояти Суғд, оби мавриди ниёзи бахши кишоварзии Ӯзбакистон ва Қазоқистон дар фаслҳои баҳор ва тобистон таъмин гардид.

Тоҷикистон ва Ӯзбакистон пас аз 10 соли вақфа ва беҳбуди равобити дуҷониба бо даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Ӯзбакистон, интиқоли барқу газро аз сар гирифтанд.

Ба ин манзур хутути интиқоли барқ миёни ин ду кишвар, ки дар замони Каримов тахриб шуда буд, бозсозӣ шуд.

Аз сӯйи дигар, Бонки Рушди Осиё эълом кардааст, ки барои бозсозии комили хутути интиқоли барқи Тоҷикистон ба Ӯзбакистон манобеи молии кофӣ дар ихтиёри ин ду кишвар қарор хоҳад дод.

Мақомоти Тоҷикистон муътақиданд, ки бо баҳрабардории тадриҷӣ аз шаш турбинаи нерӯгоҳи дар ҳоли сохти обии барқии “Роғун” заминаи содироти барқи бештар ба Ӯзбакистон фароҳам хоҳад шуд.