Баргузории маҳфили адабӣ ба муносибати ҳаштодумин зодрӯзи Бозор Собир
Рӯзи 23 – юми ноябр, соати 14:00 дар толори бузурги Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 80 - солагии шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир маҳфили шеъру суруд баргузор хоҳад шуд.
Ба гузориши сомонаи “Ховар”, ба гуфтаи Муҳаммадалии Аҷамӣ, мудири шуъбаи назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ин маҳфил нависандагон ва шоирон, ҳунармандон, пайвандон ва тарафдорони осори шоир ширкат хоҳанд кард.
Ҳамчунин дар ин маҳфил аҳли ҳунари театри давлатии “Ҷавонон” -и Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов намоиши “Шабе дур аз ватан” -ро иҷро мекунанд.
Ин намоиш ба коргардонии Нозим Маликов гӯшаҳое аз зиндагии шоири маъруфи тоҷик Бозор Собирро нақл мекунад ва ҳунарпешагони театри Тоҷикистон Абдулмуъмин Шарифӣ ва Суҳроб Ҷанҷолов дар он нақшофаринӣ мекунанд.
Ҳамчунин қарор аст дар ин маҳфил ду китоб аз Бозор Собир, ки ба гиромидошти ёду хотираи ӯ ба нашр расидааст, ба ҳозирон тақдим гардад.
Бозор Собир, шоири саршиноси Тоҷикистон, ки дувуми майи имсол даргузашт, 20 –уми ноябри соли 1938 дар рустои Сӯфиёни ноҳияи Файзобод (50 километрии шарқи шаҳри Душанбе) ба дунё омадааст.
Бозор Собир якуми майи соли 2018 дар синни 79 солагӣ дори фониро падруд гуфт.