Тасвиби тарҳи буҷети давлати Тоҷикистон барои соли 2019 дар маҷлис
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи буҷети давлати ин кишвар барои соли 2019-ро тасвиб кард.
Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ҳангоми ироаи тарҳи буҷети давлатии ин кишвар барои соли 2019 ба маҷлис гуфтааст, ки ҳаҷми умумии буҷет дар соли 2019, 23 миллиарду 773 миллион сомонӣ (муодили ду миллиарду 773 миллион доллар) хоҳад буд.
Ин шохис дар муқоиса бо буҷети имсол наздик ба 500 миллион доллар бештар аст.
Ҳамчунин барои бахши хароҷоти буҷети ҳукумати Тоҷикистон дар соли оянда 24 миллиарду 200 миллион сомонӣ дар назар гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо буҷети соли 2018 сездаҳ дарсад афзоишро нишон медиҳад.
Бахши даромади буҷети давлати ин кишвар ҳам барои соли 2019, 24 миллиарду 643 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, ки дар муқоиса бо буҷети имсол ҳафтуним дарсад бештар аст.
Гуфта мешавад, ки касри бахше аз буҷети соли оянда аз ҳисоби дарёфти кумакҳои молии бархе кишварҳо ва ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ ва фурӯши амволи давлатӣ ҷуброн хоҳад шуд. Дар буҷети давлати Тоҷикистон барои соли 2019 маблағи 4 миллиарду 100 миллион сомонӣ барои бахшҳои энержӣ ва сӯхт дар назар гирифта шудааст.
Ҳамчунин барои бахши омӯзиш ва парвариши 4 миллиарду 400 миллион сомонӣ ва саломат 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ ҳазина хоҳад шуд.
Бар асоси ин гузориш, ҳаҷми умумии тавлиди нохолиси миллӣ дар буҷети соли 2019 давлати Тоҷикистон 78 миллиарду 200 миллион сомонӣ (муодили 8 миллиарду 300 миллион доллар) пешбинӣ шудааст.
Маблағи 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ низ барои бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2019 ҳазина хоҳад шуд.