Афзоиши маоши коргарони муҳоҷири тоҷик бо пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё
(last modified Sat, 24 Nov 2018 07:15:54 GMT )
Ноябр 24, 2018 12:15 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши маоши коргарони муҳоҷири тоҷик бо пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

Мудири Маркази ҳамгароии Бонки Рушди АвруОсиё муътақид аст, ки бо пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мизони маош ва дастмузди коргарони муҳоҷири ин кишвар дар Русия аз 9 то 28 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷик ТА”, Андрей Петросян гуфтааст, ки дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё коргарони муҳоҷири ин кишвар тайи 1 сол ба бозори воҳиди кори ин иттиҳод мепайванданд, ки ба маънии афзоиши мизони маош ва дастмузди ин афрод хоҳад буд.

Ҳамчунин мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ба кишварашон 15 то 25 дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Зеро ба тадриҷ мизони маош ва дастмузди коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ бо маоши шаҳрвандони Русия ва Қазоқистон баробар мегардад.

Ҳамчунин коргарони муҳоҷири тоҷик дар қаламрави Русия аз пардохти ҳазинаи дарёфти муҷаввизи моҳонаи кор афв хоҳанд шуд, ки ин маблағ низ ба маоши онон изофа мегардад.

Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки аз соли 2014 омӯзиши паёмадҳои вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо дар назар гирифтани таҷрибаи дигар кишварҳои узви ин ниҳодро идома медиҳанд.

Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон чанде қабл гуфта буд, ки ин кишвар барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шитоб намекунад. Ба ин далел, ки бояд паёмадҳои пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо дар назар гирифтани таҷрибаи дигар кишварҳо ба таври ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирад.

Аз дидгоҳи вай, мавзӯи умда дар баҳси пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё арзаи маҳсулоти ин кишвар ба бозори муштараки ин иттиҳодия аст, зеро маҳсулоти Тоҷикистон бояд мутобиқ бо меъёрҳо ва стандарти кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бошад, ки дар ин замина тардидҳои фаровоне вуҷуд дорад.

Вай бо ишора ба заъфи қудрати рақобати маҳсулоти Тоҷикистон дар бозори кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гуфт, ин вазъ зиёнҳои молии фаровонеро барои ин ҷумҳурӣ дар пай хоҳад дошт.