Ноябр 24, 2018 16:04 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли ҷасади муҳоҷири тоҷик ба кишвар бо кумаки Сафорати Тоҷикистон дар Русия

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба хонаводаи муҳоҷире, ки дар идораи полиси ин кишвар ҳангоми бозпурсӣ фавт шудааст, дар интиқоли ҷасад ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

Ба гузориши “Спутник”, Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба наздикони муҳоҷири фавтшуда дар идораи полис кумак мекунад.

Сафорати Тоҷикистон ин ҳодисаи таассуфборро пайгирӣ мекунад. Кормандони консулгарии Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо намояндагони полиси ин кишвар дар иртибот ҳастанд.

Ин ҳодиса рӯзи 21 ноябр рух дод ва бар асоси фарзияи аввалия, иллати марги шаҳрванди Тоҷикистон, ки 38 сол дошт, бемории қалбӣ будааст.

Феълан таҳқиқот дар ин ҳодиса оғоз шудааст.

Мақомоти полиси Маскав даҳҳо муҳоҷир, ба шумули шаҳрванди фавтшудаи Тоҷикистонро ба иттиҳоми роҳзанӣ боздошт карда буданд.

Ҳамчунин Шӯрои ҳуқуқи башари раисҷумҳури Русия бар таҳқиқи марги шаҳрванди 38 солаи Тоҷикистон дар идораи полиси Маскав назорат мекунад.