Ноябр 24, 2018 17:58 Asia/Dushanbe
  • Даври ҷадиди музокироти Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар ояндаи наздик

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо аз оғози музокирот бо Тоҷикистон барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷадид дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба дар ояндаи наздик хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Федерика Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо ишора ба дархости Тоҷикистон барои имзои тавофуқномаи ҷадиди ҳамкорӣ бо ин иттиҳодия, гуфт, тавофуқномаи ҷадид бояд бо дар назар гирифтани таҳаввулоти ҷадид, тамоюлоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва чолишҳои имрӯза, таҷдид шавад ва тарафи аврупоӣ барои шурӯи кор дар мавзӯъ омодааст.

Вай афзуд, Тоҷикистон ҳамакнун шурӯи музокиротро барои имзои тавофуқномаи ҷадиди ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо хостор аст ва мо ба зуддӣ ин музокиротро шурӯъ хоҳем кард.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Могерини дар ҳошияи ҳафтумин нишасти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Дар ин дидор вазъи феълӣ ва дурнамои тавсеаи равобити Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд ва ду тараф аз тавсеаи пӯёи равобити дуҷониба ва минтақаӣ, ибрози ризоят карданд.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин мулоқот ибрози умедворӣ кард, кумаки Иттиҳоди Аврупо ба кишвараш дар ҳавзаи таъмини амнияти марзӣ ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир афзоиш ёбад ва тарҳҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ин кишвар аз тариқи роҳбурди ҷадиди Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иҷро расад.