Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар Тоҷикистон+акс
(last modified 2018-11-25T12:50:27+00:00 )
Ноябр 25, 2018 17:50 Asia/Dushanbe
  • Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар Тоҷикистон+акс

Ҳамзамон бо Рӯзи Парчами миллӣ дар Тоҷикистон барномаҳои мухталиф ва ҷашнҳои бошукӯҳе дар саросари ин кишвар баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, барномаи аслӣ ба ин муносибат соати 10 субҳи дирӯз дар майдони Парчами шаҳри Душанбе бо ҳузури беш аз 4 ҳазор шаҳрвандон ва баъзе меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ баргузор шуд.

Ҳамчунин бо ибтикори шаҳрдории Душанбе консерти мусиқӣ бо ширкати ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон дар майдони Парчам иҷро шуд.

Ширкатҳо ва созмонҳои мустақар дар шаҳри Душанбе бо дастури шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон биноҳои худро ба муносибати ин ҷашн ба рангҳои парчами миллии ин кишвар зинат доданд.

Ҳамчунин имрӯз донишомӯзони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон дар мусобиқаи беҳтарин мақола бо мавзӯи «Парчами Тоҷикистон ситораи ҳидояти мо аст» ширкат карданд.

Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон аз соли 2009 бо дастури раиси ҷумҳурии ин кишвар ҳар сол дар рӯзи 24 ноябр гиромӣ дошта мешавад.