Шикояти ронандагони тоҷик аз зӯргирии афғонҳо дар бандари Шерхон
Баъзе ронандагони мошинҳои борбарии тоҷикистонӣ, ки аз тариқи бандари Шерхон ба интиқоли колои тоҷирони афғон ба вилояти Қундуз машғул ҳастанд, аз зӯргирии неруҳои низомӣ, интизомӣ ва идории Афғонистон шикоят доранд.
Ба гузориши сомонаи CA-News, се ронандаи мошинҳои борбарии тоҷикистонӣ гуфтаанд, ки ба маҳзи вуруд ба қаламрави Афғонистон сарбозони неруи марзбонии ин кишвар аз ҳар ронандаи тоҷик 80 сомонӣ дарёфт мекунанд ва дар сурати эътироз ва дархости тавзеҳ, ки барои чӣ бояд ин маблағ пардохт шавад, ононро ба ҷилавгирӣ аз идомаи ҳаракат таҳдид мекунанд.
Ҳамчунин ҳангом убур аз постгоҳ ва бозпурсии гумрук аз ҳар ронанда 35 сомонӣ дарёфт мешавад ва далели ин иқдом низ мушаххас нест.
Ин дар ҳоле аст, ки ҳамарӯза даҳҳо мошини борбарии тоҷикистонӣ аз тариқи бандари Шерхон колои тоҷирони афғонистониро ба кишвари онон мунтақил мекунанд ва ин бандар муҳимтарин гузаргоҳи транзитии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ва Покистон ба ҳисоб меояд.
Аз сӯи дигар Шермуҳаммади Устувор раиси анҷумани бозгонони Афғонистони дар вилояти Қундуз бо таъйиди ин маворид гуфтааст, ки то ба ҳол ба Вазорати санъат ва тиҷорати Афғонистон шикоятҳои зиёде аз ришвахорӣ дар бандари Шерхон ирсол шуда, ки ба ҷое нарсидааст.
Сарфи назар аз дарёфтҳои ғайриқонунӣ аз ронандагони тоҷик, аворизи гумрукии бандари Шерхон барои ҳар мошини борбарӣ низ ду доллар баробар бо 20 сомонӣ аст.
Гуфта мешавад ба далелҳои зикршуда акнун ҳаҷми транзити коло аз тариқи бандари Шерхон ба шиддат коҳиш ёфта, аммо мақомоти расмии вилояти Қундузи Афғонистон аз додани тавзеҳ дар ин замина худдорӣ кардаанд.
Ронандагони мошинҳои борбарии тоҷикистонӣ таҳдид кардаанд, ки дар сурати идомаи ин шароит, ки бо таҳдидҳои амниятии гурӯҳҳои мусаллаҳ дар қаламрави Афғонистон низ ҳамроҳ мебошад, аз интиқоли колои бозаргонони афғон худдорӣ хоҳанд кард.