Коҳиши теъдоди кормандони ширкати Барқи Тоҷик
Бинобар эъломи ширкати давлатии Барқи Тоҷик теъдоди кормандони ин ниҳод тайи як соли охир ҳазор нафар камтар шудааст.
Ба гузориши хабаргузории Азия-плюс, дар ҳоле, ки теъдоди кормандони ширкати давлатии Барқи Тоҷик дар охири соли 2017 ба 12 ҳазору 208 нафар мерасид, акнун шумори онон 11 ҳазору 178 нафарро ташкил мекунад.
Мақомоти ширкати давлатии Барқи Тоҷик мегӯянд, ки коҳиши теъдоди кормандони ин ниҳод дар чорчуби барномаи давлатии ислоҳоти сохторӣ анҷом мешавад, ки ҳадафи он беҳбуди авзои молии ин ширкат аст.
Ин дар ҳоле аст, ки мизони қарзи молии ширкати давлатии Барқи Тоҷик имсол ба 15 миллиарду 100 миллион сомонӣ (баробар бо як миллиарду 600 миллион доллар) расидааст.
Аз сӯи дигар арзёбиҳои ширкати муҳосиботи байналмилали Moore Stephens International нишон медиҳад, ширкати Барқи Тоҷик дар соли 2017 наздик ба севуним миллиард сомонӣ зиён додааст ва бо ин авзои нобасомони молӣ идомаи фаъолияти он норавшан боқӣ мемонд.
Бар асоси тасмими Бонки Ҷаҳонӣ ҳамасола фаъолияти ширкати давлатии Барқи Тоҷикро яке аз ниҳодҳои муҳосиботи байналмилалӣ мавриди бозрасӣ қарор медиҳад, ки ин иқдом аз соли 2012 ва дар пайи ифшо шудани истифодаи ғайримақсаднок аз кумаки молии Бонки Ҷаҳонӣ ба ин ширкати тоҷикистонӣ оғоз шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон моҳи майи имсол эълом кард, ки бо ислоҳоти сохторӣ дар ширкати давлатии Барқи Тоҷик ду ҷамъияти саҳомии ом таъсис хоҳад шуд.
Мақомоти ҳукуматӣ дар Душанбе мӯътақиданд, ки далели аслии афзоиши қарзҳои ширкати давлатии Барқи Тоҷик шаффоф набудани амалкарди молии он, нотавонӣ дар мудирият ва таъйини қимати пойини барқ барои корхонаҳои бузурги саноатии ин кишвар аст.