Ноябр 27, 2018 12:04 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти яке дигар аз фаъолони “Гурӯҳи 24” ба Тоҷикистон

Яке дигар аз фаъолони “Гурӯҳи 24” ба Тоҷикистон бозгашт.

Ба гузориши сомонаи интернетии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз бозгашти Мирзоҳаким Аҳмадов, сокини ноҳияи Исфара ва аз аъзои фаъоли “Гурӯҳи 24” хабар дода ва навиштааст, ки вай мавриди афв қарор гирифтааст.

Пеш аз ин ва дар соли 2015 зидди Аҳмадов ба иттиҳоми даъвати умумӣ ба фаъолиятҳои ифротӣ ва таъсиси гурӯҳи ифротӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Дар гузориши манбаи ёдшуда ҳамчунин унвон шуда, ки аъзои “Гурӯҳи 24” Мирзоҳаким Аҳмадовро ба сафи худ ҷалб кардаанд ва ӯ ҳам аз тариқи интернет таблиғоти зидди давлати Тоҷикистонро ба роҳ андохта буд.

“Гурӯҳи 24”-ро соли 2012 Умаралӣ Қувватов бо ҳадафи мубориза бо давлати Тоҷикистон дар Русия таъсис кард.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти онро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ эълом кардааст.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд дар як сол охир даҳҳо тан аз аъзои “Гурӯҳи 24” бо ташвиқи ин мақомот ба ватан бозгаштаанд.