Ноябр 28, 2018 10:59 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикон савумин гурӯҳи пуртеъдоди донишҷӯ дар Қирғизистон

Кумитаи миллии омори Қирғизистон эълом кард, ки донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои ин кишвар пас аз ҳиндуҳо ва қазоқистониҳо, севумин гурӯҳи пурҷамъияти донишҷӯӣ ба шумор мераванд.

Ба гузориши хабаргузории Осиёи Марказӣ, ҳамакнун дар донишгоҳҳои Қирғизистон ҳазору 856 донишҷӯи тоҷик ба таҳсил машғуланд.

Бештари ин афрод дар Донишгоҳи муштараки Русия ва Қирғизистон, Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ, Донишгоҳи муштараки Туркия ва Қирғизистон, Донишгоҳи улуми пизишкӣ ва Доншгоҳи давлатии ин кишвар таҳсил мекунанд ва умедворанд, ки пас аз поёни давраи омӯзишӣ барои кор ба Тоҷикистон баргарданд.

Ба гуфтаи Кукан Куканов, раиси созмони донишҷӯёни тоҷики муқими Қирғизистон мавсум ба “Сомониён” яке аз далелҳои аслии тамоюли ҷавонони тоҷик барои вуруд ба донишгоҳҳои Қирғизистон муносиб будани ҳазинаи таҳсил, кайфияти матлуби тадрис, сатҳи болои хадамоти шаҳрӣ, арзон будани қимати интернет ва хадамоти телефони ҳамроҳ дар ин кишвар аст.

Давлати Қирғизистон барои пазириши солона 50 донишҷӯи тоҷик аз тариқи квота ё бурсияи давлатӣ бо Тоҷикистон қарордоди расмӣ дорад, аммо баъзе ҷавонони тоҷикистонӣ тарҷеҳ медиҳанд, ки бо ҳазинаи шахсӣ вориди донишгоҳҳои кишвари ҳамсоя шаванд.

Мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, ки дар миёни кишварҳои хориҷӣ бештарин теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус ва Украина машғул ба таҳсил ҳастанд.