Таъйини як муҳоҷири тоҷик ба мақоми баланд дар ҳукумати Русия
(last modified Wed, 28 Nov 2018 07:42:05 GMT )
Ноябр 28, 2018 12:42 Asia/Dushanbe
  • Таъйини як муҳоҷири тоҷик ба мақоми баланд дар ҳукумати Русия

Як муҳоҷири таҳсилкардаи тоҷик дар Русия ба мақоми баланди ҳукуматии ин кишвар таъйин шуд.

Ба гузориши расонаҳои Русия, Парвиз Тухтасунов, ки пешинаи таҳсил дар се донишгоҳи муътабари Русияро дорад, ба мақоми раиси Созмони кадастраи молиёти федерали Русия таъйин шудааст.

Созмони кадастраи молиёти федерали Русия мутасаддии сабти амлок ва асноди молиётӣ ва иқтисодии ин кишвар аст.

Парвиз Тухтасунов - зодаи 11 – уми июли 1985 дар шаҳри Душанбе аст.

Вай ҳудуди 15 соли пеш ба Русия муҳоҷират карда ва бо саъю сахткӯшӣ зинаҳои таҳсил ва тараққиро дар риштаҳои парасторӣ ва ҳисобдорӣ тай кардааст.

Парвиз Тухтасунов дар солҳои 2011 – 2016 дар бахши хусусӣ фаъолият дошта ва пас аз он ба истихдоми сохторҳои ҳукумати Русия даромадааст.