Ноябр 28, 2018 14:41 Asia/Dushanbe
  • Дархости Душанбе аз Маскав: эъломи сабаби марги муҳоҷири тоҷик

Рамазон Раҳмизода Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо ирсоли паёме аз ҳамтои руси худ хост, иллати марги Илҳомуддин Шоев шаҳрванди 39 солаи тоҷикро, ки дар шуъбаи полиси ноҳияи Вешниякии шаҳри Маскав фавт шудааст, ҷуё шаванд ва таҳқиқот дар бораи ин қазияро шахсан назорат ва пайгирӣ кунанд.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, ин сокини деҳаи Баҳористони ноҳияи Рудакӣ шомгоҳи 21-уми ноябр ҳангоми бозпурсӣ дар шуъбаи полис ҷон додааст.

Марказ матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 28-уми ноябр эълом кард Раҳимзода Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо ирсоли як барқия ба ҳамтои руси худ хостори пайгирии мавзӯъ шудааст.

Шомгоҳи 21-уми ноябр неруҳои воҳиди зудамали полиси Маскав дар яке аз кучаҳои пойтахти Русия, 18 шаҳрванди тоҷик аз ҷумла Илҳомуддин Шоевро бо иттиҳоми даст доштан дар як ғоратгарӣ ба маблағи калон, ки моҳи август рух дода буд, боздошт карданд.

Полиси Маскав гуфтааст дар бадани Шоев ҳеҷ нишонае аз марги иҷборӣ ё шиканҷа дида намешуд, вале ба далели муқовимати зиёди вай ҳатто ҳангоми бозпурсӣ ба дастонаш завлона зада буданд, ки ӯ ногаҳон аз курсӣ афтод ва ҷон дод.

Ба гуфтаи манбаъ, ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи хешовандони Илҳомуддин дар бадани ӯ осори зиёди лату куб дида мешуд ва ӯ дар шуъбаи полис ва бар асари шиканҷа ҷон додааст.

Шарофуддин Шоев падари Илҳомуддин Шоев гуфтааст, ки писараш ҳеҷгоҳ бемории дил надошта ва варзишгар будааст ва даст доштани писараш дар қонуншиканиро ба дур аз эҳтимол медонад.

Ҷасади Илҳомуддин Шоев рӯзи 27-уми  ноябр аз Маскав ба Тоҷикистон оварда шуд ва дар оромгоҳи деҳаи Баҳористон ба хок супорида шуд.

Вай 4 фарзанди ноболиғ дошт, ки бузургтаринашон 14 сола буд.