Ноябр 29, 2018 10:00 Asia/Dushanbe
  • Раҳоии футболисти тоҷикистонӣ аз боздошт дар Беларус

Мақомоти қазоии ҷумҳурии Беларус Парвиз Турсунов, футболисти тоҷикистонии ришдорро пас аз 70 рӯзи боздошт озод карданд ва ӯ пас аз озодӣ ба Украина рафт.

Ба гузориши сомонаи “ТОП Тҷ”, ин футболисти тоҷикистонӣ қасд дошт бо убур аз марзи Беларус - Лаҳистон (Полша) ва вуруд ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо паноҳандагӣ касб кунад, аммо дар таърихи 18 –уми сентябри имсол марзбонони Беларус ӯро ба далели қарор доштани номаш дар феҳристи афроди таҳти пайгарди қазоӣ боздошт карданд.

Бо ин ҳол, созмонҳои Дидабони ҳуқуқи башар, Кумита Ҳелсинкии Норвегия ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ бо ирсоли номае ба Додситонии кулли Беларус, хостори истирдод накардани Парвиз Турсунов ба Тоҷикистон шуда буданд.

Ин се созмон муътақид буданд, ки Парвиз Турсунов дар сурати истирдод ба Тоҷикистон мумкин аст шиканҷа шавад.

Наздикони Турсунов гуфтаанд, ки мақомоти қазоии Тоҷикистон ӯро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи салафия таҳти пайгарди қазоӣ қарор додаанд.

Ҳашт соли пеш Федератсияи футболи Тоҷикистон аз Парвиз Турсунов, ки футболисти бошгоҳи “Хайр”-и ноҳияи Ваҳдат буд, хост, риши худро битарошад, аммо вай гуфта буд, ки футбол кори дунё ва риш суннати паёмбари бузурги Ислом аст.

Вай дар пайи афзоиши фишорҳо маҷбур шуд бо хонаводааш Тоҷикистонро тарк кунад.