Ноябр 29, 2018 13:18 Asia/Dushanbe
  • Содироти сементи Тоҷикистон ба хориҷ аз 1 миллион тон фаротар рафт

Корхонаҳои сементи Тоҷикистон тайи 10 моҳи соли ҷорӣ барои нахустин бор дар таърихи ин кишвар беш аз 1 миллиону 100 ҳазор тон аз ин маҳсули муҳими сохтмониро ба хориҷ содир карданд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, тавлиди семент дар ин кишвар тайи соли ҷорӣ барои бори нахуст ба 3 миллиону 200 ҳазор тон расид, ки аз ин мизон 1 миллиону 100 ҳазор тон ба кишварҳои Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон содир шудааст.

Бо афзоиши тавлиди семент дар Тоҷикистон, мизони содироти ин маҳсули муҳими сохтмонӣ дар соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 30 дарсад рушд доштааст. Дар ин миён Узбакистон бо хариди 670 ҳазор тон семент аз Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ муҳимтарин бозори хориҷии сементи Тоҷикистон шуд.

Тоҷикистон ҳамчунин дар соли ҷорӣ ба Афғонистон 423 ҳазор тон ва ба Қирғизистон 80 ҳазор тон семент содир кардааст. Тоҷикистон соли гузашта ба ин 3 кишвар 300 ҳазор тон семент содир карда буд.

Дар Тоҷикистон 12 корхонаи тавлиди семент фаъолият мекунад, ки дар 15 соли ахир бо сармоягузорӣ ва кумаки фаннии мутахассисони чинӣ сохта шудааст. Бар асоси омори Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар ин кишвар заминаи тавлиди солона наздик ба чаҳор миллион тон семент вуҷуд дорад.

Ба далели набуди газ дар Тоҷикистон, корхонаҳои тавлиди сементи ин кишвар аз ангишт ба унвони сӯхти аслӣ истифода мекунанд.