Иҷлоси Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар Брюссел
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i39864
Ҳафтумин иҷлоси Кумитаи ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба мизбонии Белгия дар пойтахти ин кишвар баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 01, 2018 19:40 Asia/Dushanbe
  • Иҷлоси Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар Брюссел

Ҳафтумин иҷлоси Кумитаи ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба мизбонии Белгия дар пойтахти ин кишвар баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, раёсати ҳайати тоҷикро дар ин нишаст Шариф Раҳимзода, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия ва сарпарастии ҳайати Иттиҳодия Аврупоро Ивета Григуле –Петерс, раиси коргурӯҳи Иттиҳоди Аврупо дар умури ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бар ӯҳда доштанд.

Дар чорчӯби ин иҷлос, аҳдофи миллӣ то соли 2030, мавқеияти сиёсӣ, тиҷорӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва ислоҳоти дар ҳоли анҷоми иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар баррасӣ шуд.

Масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ аз ҳифозат аз муҳити зист ва тавсеаи кишоварзӣ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҳамчунин вазъияти Афғонистон ва нақши Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар тавсеаи ин кишвар низ аз дигар меҳварҳои ин гуфтугӯҳо буд.