Декабр 02, 2018 09:51 Asia/Dushanbe
  • Тағйирот дар вилояти Бадахшон бо интисоби раиси ҷадид

Аввали декабри соли ҷорӣ ду моҳ аз интисоби Ёдгор Файзов дар мақоми раиси вилояти Бадахшон гузашт ва тайи ин муддат, тағйироти намоёне дар барномаи барқарории назму амнияти умумӣ дар ин минтақа рух додааст.

Ба гузориши хабаргузории Азия плюс, пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз нотавонии ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии вилояти Бадахшон дар барқарории назму амнияти умумӣ, зарурати муқобила бо фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир дар ин минтақа раис, муовинон ва теъдоде аз мақомоти ҳукуматии вилоят барканор шуданд ва Ёдгор Файзов ба мақоми раёсати вилояти Бадахшон мансуб шуд.

Вай барои иҷрои вазоифи вогузаршуда ба Ситоди барқарории назму амнияти умумӣ дар вилояти Бадахшон бо дидор бо мардум ва масъулони идороти амниятӣ ва интизомӣ аз халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ, ба танзим даровардани ҳаракати васоили нақлияи умумӣ, мамнӯияти ҳаракати худравҳои сиёҳ шиша ва мошинҳои бидуни рақамҳо, ҳимоят кард ва имрӯз дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон фазои оромиши нисбӣ ҳоким шудааст.

Ёдгор Файзов таъкид кардааст, ки имрӯз дигар дар вилояти Бадахшон ҳеҷ гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки битавонад алайҳи нерӯҳои давлатӣ таҳарруке анҷом диҳад, вуҷуд надорад.

Сокинони шаҳри Хоруғ мегӯянд, ки муддати ду моҳ барои арзёбии фаъолияти Ёдгор Файзов, дар мақоми раиси вилояти Бадахшон замони каме аст, аммо барқарории назму амнияти умумӣ ва ҷилавгирӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои худсар, ки қаблан тобеи ҳеҷ қонуне набуданд, аз иқдомоти муҳимми раиси вилояти Бадахшон тайи ду моҳи фаъолият вай дар ин мақом аст, ки мардумро ба оянда умедвор мекунад. Албатта вуҷуди бекорӣ, набуди марокизи тавлидӣ ва санъатӣ, зарурати ҷазби сармояи хориҷӣ барои рушди иқтисод ва бавижа бахши гардишгарии вилояти Бадахшон, ки ниёз ба сохт ва тавсеаи таъсисоти зербиноӣ дорад, аз ҷумлаи мушкилоти ин минтақаи кӯҳистонии Тоҷикистон аст, ки раиси ҷадиди вилоят бояд барои ҳалли он иқдом кунад.