Декабр 02, 2018 10:05 Asia/Dushanbe
  • Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои бозрасии молии фаъолияти ширкати ҳавопаймоии

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури бозрсии амалкарди молии ширкати давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик эйр"-ро содир кард.

Ба гузориши сомонаи toptj.com, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон бо интиқод аз фаъолияти ширкати давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик эйр" бозрасии амалкарди молии ин ширкатро хостор шуд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар дастур додааст, ки мавзӯи харидории як ҳавопаймои Боинг-767 гаронтар аз қимати воқеии онро аз сӯи ин ширкат ва санадсозӣ дар ин мавридро бозрасӣ кунад.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон равшан шудани моҷарои 3 моҳ пардохт нашудани маоши кормандони ин ширкат, таъхир дар пардохти ҳаққи истифода аз Фурудгоҳи Душанбе ва қарзҳои молии он ба Ширкати воҳиди сӯхтрасон дар фурудгоҳҳоро хостор шудааст.

Гуфта мешавад ҳавопаймои Боинг-767, ки ширкати давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик эйр" дар соли 2016 харидорӣ кардааст бо беш аз 30 сол умр қаблан дар ихтиёри ширкатҳои амрикоӣ ва баъд ниҷерияӣ буда, ки дар асноди муомила қимати он ба маротиб гаронтар аз арзиши воқеиаш нишон дода шудааст.

Аммо Хайрулло Раҳимов мудири ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик эйр" муддаӣ аст, ки сабаби асосии нобасомонӣ дар фаъолияти ин ширкат гарон будани қимати сӯхт, набуди тахфиф дар хадамоти фурудгоҳӣ ва вуҷуд надоштани рақобати солим дар ироаи хадамоти ҳавоӣ аст.