Интиқоди Додситонии кулли Тоҷикистон аз Вазорати тандурустии ин кишвар
(last modified Wed, 05 Dec 2018 04:54:00 GMT )
Декабр 05, 2018 09:54 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Додситонии кулли Тоҷикистон аз Вазорати тандурустии ин кишвар

Додситонии кулли Тоҷикистон Вазорати тандурустии ин кишварро ба иллати фасоду ришвахорӣ, номатлуб будани хадамот ва густариши бемориҳои мусри (сирояткунанда) дар марокизи дармонӣ ба шиддат мавриди интиқод қарор дод.

Ба гузориши дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, дар нишасти вижаи баррасии шикоёти мардум аз марокизи дармонии Тоҷикистон дар Додситони кулли ин кишвар, аз вуҷуди фасоду ришвахории густурда, номатлуб будани хадамот ва сатҳи пойини шароити дармонӣ ва беҳдоштӣ ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба шиддат интиқод шудааст.

Дар ин нишаст таъкид шуд, ки аз сӯйи ниҳодҳои додситонии ин кишвар дар пайи шикояти шаҳрвандон алайҳи 92 нафар аз кормандони бахши тандурустии ин ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ҳамчунин мавориди ғайриҳадафманди истифода аз буҷаи давлати Тоҷикистон барои бахши беҳдошт ва дармон аз дигар мушкилоти Вазорати тандурустии ин кишвар номида шудааст.

Аз нигоҳи мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон тадбирҳои Вазорати тандурустии ин кишвар барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории вируси норасоии масунияти бадан (AIDS) низ нокофӣ аст.

Олим Насимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон низ бо баргузории нишасте бо мудирони марокизи дармонии ин кишвар аз кайфияти номатлуби хадамот ба беморон ва ба вижа дар соатҳои шаб ба шиддат интиқод кардааст.

Вай таъкид кардааст, ки ироаи кумакҳои аввалияи пизишкӣ дар тамоми марокизи тандурустии Тоҷикистон бояд ройгон бошад.