Коҳиши маргу мири тоҷикистониён дар ҳодисаҳои табиӣ
Раванди маргу мири тоҷикистониён бар асари ҳодисаҳои табиӣ рӯ ба коҳиш аст.
Ба гузориши CA-News зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ 17 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷараёни ҳодисаҳои табиӣ ҷони худро аз даст додаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки соли гузашта 31 мавриди фавт дар заминаи ҳодисаҳои мушобеҳ ба сабт расидааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар тозатарин иттилоияи ҳуд унвон карда, ки маҷмӯан аз аввали сол то кунун 165 офати табиӣ дар Тоҷикистон мушоҳида шудааст.
Бар асари ин ҳодисаҳо афзун бар 17 кушта ба 1485 манзили маскунӣ, 78 мактаб, 21 маркази саломатӣ, 47 километр роҳ, 17 пули иртиботӣ ва 47 километр хатҳои интиқол барқ хисорот ворид шудааст.
Тоҷикистон кишвари кӯҳистонӣ ва дорои манобеи азими обӣ аст ва аз лиҳози офатҳои табиӣ яке аз осебпазиртарин кишварҳои Осиёи Миёна аст.