Декабр 07, 2018 20:51 Asia/Dushanbe
  • Риштарошии маҷбурии муҳоҷирони тоҷик дар марзи Русия

Марзбонони Русия муҳоҷирони кории тоҷикро маҷбур ба тарошидани риш мекунанд.

Ин матлабро баъзе аз муҳоҷирини кории тоҷик ба сомонаи интернети Осиёи Миёна нақл кардаанд.

Зуҳуриддин Ғиёсов, яке аз муҳоҷирони тоҷик гуфтааст, ҳангоми ҳаракат аз Қазоқистон ба самти Русия, ронандаи таксӣ ба онон ҳушдор медиҳад, ки бояд риши худро тарошанд, дар ғайри ин сурат марзбонони рус аз вурудашон ба дохили хоки Русия ҷилавгирӣ хоҳанд кард.

Ин муҳоҷири кории тоҷик меафзояд ман ва дигар ҳамватанонам бидуни эътино ба ҳушдори ронанда ба гузаргоҳи марзии Маштакова воқеъ дар вилояти Екатерингбурги Русия муроҷиа кардем ва дар он ҷо бо исрори марзбонони рус барои тарошидани риш рӯбарӯ шудем ва фақат пас аз тарошидани риш иҷозаи вуруд ба хоки Русияро дарёфт кардем.

Ҳамарӯза шумори қобили таваҷҷуҳе аз муҳоҷирони кории тоҷик аз тариқи газргоҳи марзии Маштакова аз Қазоқистон вориди Русия мешаванд, ки ба онон гуфта шуда дар сурати доштани риш ҳақи вуруд ба Русияро надоранд.

Муҳоҷирони кории тоҷик барои тамдиди муҷаввизи иқомати муваққати худ дар Русия ҳар 3 моҳ як бор бояд аз ин кишвар хориҷ ва дубора баргарданд.

Ин рафту баргаштҳо ҳамвора бо мушкилоти мутааддиде барои муҳоҷирон, аз ҷумла моливу ҳуқуқӣ ва равонӣ ҳамроҳ аст. Инак ба ин мушкилот тарошидани иҷбории риш низ афзуда шудааст.