Ваъдаи Файзов барои ҳалли мушкили беобии Хоруғ то ду соли дигар
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i40091-Ваъдаи_Файзов_барои_ҳалли_мушкили_беобии_Хоруғ_то_ду_соли_дигар
Раиси вилояти Бадахшон гуфтааст, ки мушкили беобӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази ин минтақа то ду соли дигар рафъ хоҳад шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 11, 2018 10:33 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи Файзов барои ҳалли мушкили беобии Хоруғ то ду соли дигар

Раиси вилояти Бадахшон гуфтааст, ки мушкили беобӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази ин минтақа то ду соли дигар рафъ хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, Ёдгор Файзов дар маросими оғози сохти хати лӯлаи ҷадиди интиқоли оби рӯдхонаи Ғунд ба шаҳри Хоруғ гуфтааст, ки то ду соли дигар буҳрони беобӣ дар ин шаҳр рафъ хоҳад шуд.

Бо сохти хати лӯлаи ҷадиди интиқоли оби рӯдхонаи Ғунд ба шаҳри Хоруғ, ки тӯли он наздик ба се километр хоҳад буд, бахше аз сокинони маркази вилояти Бадахшон ва беш аз 100 идораву созмони давлатӣ бо оби ошомидании солим таъмин хоҳанд шуд. Ин хати лӯла бо кумаки молии як миллиону 400-ҳазордолларии Ҳукумати Швейдсария сохта хоҳад шуд.

Қаблан раиси вилояти Бадахшон ҷазби кумаки Бунёди Оғохонро барои ҳалли мушкили таъмини оби ошомидании сокинони шаҳри Хоруғ хостор шуда буд. Ба гуфтаи Файзов, иҷрои тарҳҳои обрасонӣ ба шаҳри Хоруғ мӯҷиби таъсиси ширкати сохти хутути об ва иштиғолзоӣ барои сокинони маркази вилояти Бадахшон хоҳад шуд.

Шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон дар иртифои шаш ҳазору 200 метр аз сатҳи баҳр, дар соҳили рӯдхонаи кӯҳистонии Ғунд воқеъ шудааст ва сокинонаш аз камбуди оби ошомиданӣ ранҷ мебаранд, ба тавре ки ин шаҳр бо беш аз 30 ҳазор нафар ҷамъият фақат як соат дар шабонарӯз об дорад.