Тавофуқи Тоҷикистон ва ФАО дар заминаи беҳбуди амнияти ғизоӣ
(last modified Tue, 11 Dec 2018 13:13:11 GMT )
Декабр 11, 2018 18:13 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Тоҷикистон ва ФАО дар заминаи беҳбуди амнияти ғизоӣ

Созмони хорубор ва кишоварзии милали муттаҳид (ФАО) ва Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар заминаи тақвияти амнияти ғизоӣ ва беҳбуди тағзия дар ин кишвар тавофуқ карданд.

Ба нақл аз Форс, Созмони хорубор ва кишоварзии милали муттаҳид (ФАО) ва Вазорати кишоварзии Тоҷикистон санадеро бо унвони “Тақвияти амнияти ғизоӣ ва беҳбуди тағзия дар бархе кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ” имзо карданд.  

Ин санад аз тариқи таъмин ва мудирияти ҳамоҳанг миёни бахшҳои кишоварзӣ, тағзия, беҳдошт, омӯзиш ва парвариш ва ҳифозати иҷтимоӣ дар ин кишвар амалӣ мешавад.  

Олег Гучгелдиев, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон дар ин замина гуфт: Ин тарҳ ба таври мустақим дар афзоиши баҳраварӣ ва танаввуи маҳсулоти кишоварзӣ, тағзияи муносиб ва эҷоди фурсатҳои шуғлӣ саҳми бисёре ифо хоҳад кард.

Вай дар поён гуфт: Натиҷаи ниҳоии иҷрои ин санад дар Тоҷикистон эҷоди шароити муносиб барои амнияти ғизоии осебпазиртарин қишри ин кишвар хоҳад буд.