Декабр 12, 2018 09:45 Asia/Dushanbe
  • Қатъи содироти барқи Тоҷикистон ба Узбакистон

Мақомоти ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” эълом карданд, ки ба далели камбуди барқ барои масрафи дохилӣ дар ин кишвар, содироти барқ ба Узбакистонро қатъ кардаанд.

Ба гузориши сомонаи “ТОП Тҷ”, мақомоти ин ширкат мегӯянд, ки ба далели оғози фасли сармо ва пойин омадани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва коҳиши мизони оби вурудӣ ба садди нерӯгоҳи барқӣ - обии “Норак” маҷбур шудаанд, ки интиқоли барқ ба Узбакистонро мутаваққиф кунанд.

Таваққуфи содироти барқ ба Узбакистон дар ҳоле аст, ки мардум дар дохили Тоҷикистон бо камбуди барқ рӯбарӯ ҳастанд ва сокинони теъдоде аз навоҳии ин кишвар эълом кардаанд, ки дар соатҳои мушаххасе аз шабонарӯз барқ дарёфт мекунанд ва амалан маҳдудияти интиқоли барқ оғоз шудааст.

Содироти барқи Тоҷикистон ба Узбакистон бар асоси тавофуқи дуҷониба аз баҳори имсол, пас аз 9 соли вақфа аз сар гирифта шуд ва ба гуфтаи мақомоти энержии Тоҷикистон дар 9 моҳи гузашта як миллиарду 500 миллион киловатт соат барқ ба ин кишвари ҳамсоя мунтақил шудааст.

Мақомоти ширкати “Барқи Тоҷик” эълом карданд, ки баҳори имсол имкони содироти барқи Тоҷикистон ба Узбакистон пас аз баҳрабардорӣ аз хати дувуми 220 киловатии интиқоли барқи ин кишвар дар вилояти Сурхондарё фароҳам шудааст.

Ҳамчунин имсол сохти хати ҷадиди 220 киловатии интиқоли барқи Тоҷикистон ба Узбакистон дар ноҳияи Исфара оғоз шуд, ки муҷиби афзоиши содироти барқ ба Узбакистон хоҳад шуд.

Қимати ҳар киловатт соат барқи содиротии Тоҷикистон ба Узбакистон 2 сент эълом шудааст.

Аз сӯйи дигар, бар асоси бархе ахбори манобеи мустақил, ба далели тахриби хутути интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистон, барқи Тоҷикистон ба Афғонистон аз тариқи Узбакистон мунтақил мешавад.