Декабр 12, 2018 11:26 Asia/Dushanbe
  • Оғози сохти бахши тоҷикистонии хати “КАСА – 1000” дар соли 2019

Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон аз оғози сохти бахши тоҷикистонии хати “КАСА – 1000” ба манзури интиқоли барқи ин кишвар ба Афғонистон ва Покистон дар соли 2019 хабар дод.

Ба гузориши сайти Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, сохти таъсисоти зербиноии ин тарҳ дар қаламрави Тоҷикистон ба ширкатҳои шветсияӣ ва ҳиндӣ вогузор шудааст ва иҷрои ин тарҳ дар соли 2019 оғоз хоҳад шуд.

Бар ин асос, ширкати шветсияии “ABB” мутааҳҳид шудааст, ки сохти истгоҳи барқи фишорқавӣ бо тавони ҳазору 300 мегаваттро дар минтақаи фаъолияти ду нерӯгоҳи барқӣ - обии “Сангтӯда 1” ва “Сангтӯда -2” ба поён бирасонад.

Ширкати ҳиндӣ интиқоли қудрати калпатару ва низ сохти хати 500 киловатии интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистонро бар ӯҳда гирифтааст.

Илова бар ин, бо ширкати итолиёии “CES” ба унвони мушовири тарҳи сохти хати “КАСА – 1000” дар Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ имзо шудааст.

Ҳамчунин дар чорчӯби ин тарҳ хати 500 киловатии интиқоли барқи Қирғизистон ба Тоҷикистон аз минтақаи Додхоҳ то шаҳри Хуҷанд сохта хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки сохти таъсисоти зербиноии ин тарҳ дар қаламрави Тоҷикистон дар соли 2021 ба поён хоҳад расид.