Бародарзодаи муфтии Тоҷикистон боздошт шуд
Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) бародарзодаи Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломӣ ва муфтии мусулмонони ин кишварро боздошт карданд.
Ба гузориши сомонаи Ахбор, Муҳтадӣ Абдулқодиров, ки қаблан гумонбар ба узвият дар гурӯҳи мамнуи Салафия буд ва пас аз 4 сол ҳузур дар Арабистон бо мусоидати кормандони Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ва ваъдаи мавриди афв қароргирифтан ба Душанбе баргашт, аз сӯи кормандони КДАМ Тоҷикистон боздошт шуд.
Гуфта мешавад, вай, ки бо дарёфти тазмини кормандони вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бино бар мавриди афв қарор гирифтан бо парвоз Дубай – Душанбе ба кишвараш омада буд, дар бозҷӯиҳо ба пурсишҳои ин афрод посух гуфта ва мураххас шудааст, аммо баъд аз сӯи кормандони КДАМ боздошт шуд.
Вай бо навиштани номае қабл аз бозгашти довталабона ба кишвараш аз генерал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон афви худро хостор шуда буд.
Бар асоси ин гузориш то ба ҳол далели боздошти Муҳтадӣ Абдулқодиров мушаххас нест. Ин дар ҳоле аст, ки теъдоди зиёде аз ҷавонони тоҷик, ки ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ, ҷараёни Салафия ва соири созмонҳои ифротӣ, ки дар Тоҷикистон ҳаққи фаъолият надоранд ва дар кишвари хеш таҳти пайгарди қазоӣ буда ва аз кишварҳои Ховари Миёна ва бавижа Сурия ва Ироқ ба Тоҷикистон бозгаштаанд, мавриди афв воқеъ шудаанд.
Мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар сурат исбот нашудани иттиҳоми мушорикати ин афрод, дар қатл ва куштори шаҳрвандони Сурия ва Ироқ онон мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.