Ҷаласаи Шӯрои банақшагирии минтақаии ЭКО таҳти раёсати Тоҷикистон
(last modified Tue, 18 Dec 2018 06:27:32 GMT )
Декабр 18, 2018 11:27 Asia/Dushanbe
  • Ҷаласаи Шӯрои банақшагирии минтақаии ЭКО таҳти раёсати Тоҷикистон

Бистунуҳумин нишасти Шӯрои банақшагирии минтақаии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) дар Теҳрон ба кори худ оғоз кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО хабар дод, 17 – уми декабр дар шаҳри Теҳрон ҷаласаи 29-уми Шӯрои банақшагирии минтақаии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ таҳти раисии Неъматуллоҳ Эмомзода, намояндаи доими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмон оғоз ёфт.

Роҳбарии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласаро Неъматуллоҳ Эмомзода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба уҳда дошт. Ҳамчунин дар ин ҳайат намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, нақлиёт ва иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон низ шомил мебошанд.

Дар нишасти мазкур, дар чаҳорчӯби ҷаласоти кумитаҳои соҳавӣ як қатор масъалаҳои муҳиму мубрами фаъолияти созмон, аз ҷумла банақшагирии фаъолияти он дар соли 2019 мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Кори нишаст то 20 - уми декабр идома хоҳад ёфт.