Маҷрӯҳ шудани ду тоҷик дар ҳодисаи фурӯ рехтани боми корхона дар Маскав
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i40274-Маҷрӯҳ_шудани_ду_тоҷик_дар_ҳодисаи_фурӯ_рехтани_боми_корхона_дар_Маскав
Ду тоҷик ба номҳои Муҳаммад Саъдуллоев ва Муҳаммадшариф Камолов дар ҳодисаи фурӯ рехтани боми корхонаи маҳсулоти оҳану бетон дар вилояти Маскав маҷрӯҳ шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 18, 2018 11:02 Asia/Dushanbe
  • Маҷрӯҳ шудани ду тоҷик дар ҳодисаи фурӯ рехтани боми корхона дар Маскав

Ду тоҷик ба номҳои Муҳаммад Саъдуллоев ва Муҳаммадшариф Камолов дар ҳодисаи фурӯ рехтани боми корхонаи маҳсулоти оҳану бетон дар вилояти Маскав маҷрӯҳ шуданд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, боми корхонаи маҳсулоти оҳану бетон дар шаҳри Дзержинскийи вилояти Маскав рӯзи 17 декабр фурӯ рехт, ки бар асари ин ҳодиса се нафар ҷон бохтанд ва 14 нафари дигар захмӣ шуданд. 6 нафар аз захмиҳо, ки ду нафарашон тоҷиканд, ба бемористон мунтақил шудаанд. Ҳарсе ҷонбохта номи словиянӣ доранд.

Бинобар иттилооти аввалия, рӯйи боми коргоҳро як қабат тол пӯшонда буданд, ки бом ин вазнро таҳаммул накарда, фурӯ рехтааст.