Декабр 19, 2018 10:44 Asia/Dushanbe
  • Қарзи корхонаҳои Тоҷикистон аз 2 миллиард доллар фаротар рафт

Бар асоси гузориши Ожонси давлатии омори Тоҷикистон қарзи корхонаҳои бузург ва миёнаи ин кишвар имсол аз 2 миллиарду 200 миллион доллар фаротар рафтааст.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, қарзи ин корхонаҳо наздик ба 21 миллиард сомонӣ (муодили бештар аз 2 миллиарду 200 миллион доллар) расидааст.

Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” бо 15 миллиард сомонӣ қарздорӣ, бузургтарин корхонаи қарздор дар Тоҷикистон муаррифӣ шудааст.

Арзёбиҳои ширкати муҳосиботи байналмилалии Moore Stephens KSC Assuraance SRL  нишон медиҳад, ширкати “Барқи Тоҷик” дар соли 2017 наздик ба севуним миллиард сомонӣ зиён додааст.

Тобистони имсол Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон эълом карда буд, ки қарзи ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” ба нерӯгоҳи барқӣ - обии “Сангтӯда 1” беш аз 108 миллион доллар, ба “Сангтӯда 2” беш аз130 миллион доллар, “Ориёнбонк 195 миллион доллар ва Кумитаи андоз наздик ба 12 миллион доллар аст.

Мақомоти ҳукуматӣ дар Душанбе муътақиданд, ки иллати аслии афзоиши қарзи ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” шаффоф набудани амалкарди молии он, нотавонӣ дар мудирият ва таъйиини қимати пойини барқ барои корхонаҳои бузурги санъатии ин кишвар аст.