Декабр 19, 2018 11:28 Asia/Dushanbe
  • Як тоҷикистонӣ дар Русия ҷумъаҳо баракат тавзеъ мекунад

Як тоҷикистонӣ дар шаҳри Барнаул, маркази вилояти Алтай дар минтақаи Сибири Русия рӯзҳои ҷумъа барои афроди бознишастаи ин шаҳри саноатӣ нони ройгон тақсим мекунад.

Ба гузориши сомонаи нашрияи “Ҳақиқати Алтай”, теъдоде аз бознишастагони ин шаҳр бо интишори номае дар ин нашрия, аз кори хайри Фарид Муҳаммадолимов, ҷавони тоҷик қадрдонӣ кардаанд.

Дар ин нома таъкид шудааст, ки фурӯшгоҳе, ки акнун мутааллиқ ба ин шаҳрвандм тоҷикистонӣ аст, қаблан маҳалли кучаке барои фурӯши сигор буд ва Фарид Муҳаммадолимов дар муддате кӯтоҳ бо бозсозии ин марказ, онро ба мағозае бузург табдил кардааст ва рӯзҳои ҷумъа ба сокинони бознишастаи шаҳри Барнаул нони ройгон медиҳад.

Ин шаҳрванди тоҷикистонӣ гуфтааст, ки рӯзи ҷумъа барои мусулмонон муқаддас аст ва бар асоси омӯзаҳои Ислом, ҳар мусалмон дар ҳадди тавони худ бояд даст ба кори хайр бизанад.

Фарид Муҳаммадолимов чанд соли қабл аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба ҳамроҳи зану ду фарзандаш барои кор ба ин минтақаи Русия омад.

Расонаҳои Русия имсол дар бораи иқдомоти хайрхоҳонаи шаҳрвандони Тоҷикистон матолибе мунташир карда буданд, ки се маврид ба бозпас додани пулҳои гумшудаи мардум бармегардад.

Дар як маврид тоҷике, ки ронандаи таксӣ буд, дар минтақаи Урал 850 ҳазор рубли ҷомондаи мусофиронро ба онон бозпас дод.

Дар атрофи шаҳри Маскав низ як ронандаи таксии тоҷикистонӣ 500 миллион рубли гумшудаи як зани русро ба вай бозгардонд.

Ҳамчунин дар вилояти Ёқутистон, дар минтақаи Сибири Русия коргари муҳоҷири тоҷик бо пайдо кардани мадорик ва 100 ҳазор рубл пули нақд, ин амонатро ба моликаш пас дод, ки бозтоби густурдае дар расонаҳои Русия дошт.