Декабр 20, 2018 10:40 Asia/Dushanbe
  • Сафири Тоҷикистон дар Русия: Вазъи коргарони муҳоҷир беҳбуд наёфтааст

Сафири Тоҷикистон дар Русия муътақид аст, бо вуҷуди тасвиби бархе асноди ҳуқуқӣ дар мавриди осонсозии муқаррароти ҳузури коргарони муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар вазъи иҷтимоии ин афрод беҳбуд наёфта ва баракс ба мушкилоти онон афзуда шудааст.

Ба нақл аз Спутник, Имомиддин Сатторов гуфтааст, Русия дар августи имсол қонуни ҷадиди сабти иқомати коргарони муҳоҷири хориҷиро тасвиб кард, ки шароитро барои ин афрод печидатар сохт.  

Коргарони муҳоҷир қаблан метавонистанд бо доштани иҷозатномаи кор ба роҳатӣ иқомати худро сабт кунанд, аммо бар асоси қонуни ҷадиди Русия акнун танҳо дар маҳалли искони ин афрод имкони сабти иқомати онон вуҷуд дорад, ки ин амр ба мушкили бузурге барои тоҷикон табдил шудааст, чун моликони манозили маскунӣ бо баҳонаҳои мухталиф аз сабти иқомати коргарони муҳоҷир худдорӣ мекунанд.

Коргарони муҳоҷир низ пас аз нокомӣ дар сабти иқомат таи 14 рӯз бо хатари ихроҷ аз Русия мувоҷеҳ мешаванд.

Мушкили дигар пардохт нашудани маоши коргарони муҳоҷири тоҷик аз сӯи корфармоёни русӣ аст ва таи 9 моҳи соли ҷорӣ танҳо ба сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав беш аз 300 мавриди шикояти муҳоҷирони тоҷик мабнӣ бар пардохт нашудани маоши онон аз сӯи корфармоёни русӣ ворид шудааст.