Афзоиши 14 дарсадии мубодилоти тиҷории Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ
Декабр 22, 2018 09:58 Asia/Dushanbe
Мубодилоти тиҷории Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) аз ибтидои соли 2018 бо 14, 6 дарсад афзоиш, ба ду миллиард доллар расидааст.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, бинобар додаҳои Ожонси омори Тоҷикистон, мизони тиҷорат бо Узбакистон дар 11 моҳи гузашта беш аз 258 миллион доллар буда, ки 116 миллион доллари он марбут ба воридоти маҳсулоти ӯзбакӣ ба ин кишвар аст.
Ҳаҷми содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Узбакистон низ беш аз 142 миллион долларро ташкил додааст.
Тиҷорати мутақобили Тоҷикистон бо Қирғизистон низ беш аз 59 миллион доллар эълом шудааст.
Русия ҳамчунон бо 924 миллион доллар ва Қазоқистон бо 768 миллион доллар муҳимтарин шарикони тиҷории Тоҷикистон будаанд.