Декабр 23, 2018 14:00 Asia/Dushanbe
  • Муовини нахуствазири Тоҷикистон: Тоҷикон ҳаҷро ба мусобиқа табдил накунанд!

Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз мардум хостанд, ки танҳо як дафъа ҳаҷи фарзиро ба ҷо оваранд.

Азим Иброҳим муовини нахуствазири Тоҷикистон рӯзи 22 декабр дар ҷаласаи омодагӣ ба мавсими ҳаҷи соли 2019 гуфт, солҳои ахир иддае аз шаҳрвандон рафтани ҳаҷ, аз ҷумла ҳаҷи такрориро ба мусобиқа табдил карда ва худнамоӣ мекунанд!

Дар ҳоле ки ба иддаои ӯ ва мақомоти дигари тоҷик, Паёмбари Ислом (с) ҳамагӣ як бор ҳаҷи фарзиро ба ҷо оварданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи шанбе гуфтанд, мардум ҳазинаи ҳаҷи такрориро барои бунёди роҳи кӯчаҳо маҳаллаҳо, рустоҳо, мактаб, бемористон ва бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ сарф кунанд ва ё ҳамчун садақаи ҷория барои кумак ба ятимон равона кунанд, ки ин савоби бештар дорад.

Азим Иброҳим дар ин ҷаласа аз чанд мушкил, аз ҷумла саривақт нарасондани кумакҳои аввалияи пизишкӣ дар мавсими ҳаҷи соли 2018 ёдовар шуда ва бар ислоҳи он таъкид кардааст.

Муовини нахуствазири Тоҷикистон хостааст, ки ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон барои ҳаҷи фарзӣ имкони молӣ ва вазъи зиндагии хонаводагии онҳо дар назар гирифта шавад.

Ҳар сол беш аз 6 ҳазор сокини Тоҷикистон барои зиёрати ҳаҷ ба Макка мераванд.

Мақомоти тоҷик танҳо зиёрати афроди болотар аз чиҳил солро иҷоза медиҳанд.

Омодагии комили давлати Эрон барои муқобила бо таҳримҳои якҷонибаи Амрико