Декабр 23, 2018 20:44 Asia/Dushanbe
  • Боздошти сеюмин афсари гумонбар дар шиканҷаи узви ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Шуҳрат Шамсиддинов, як корманди собиқи ШВКД Ашт, ки бо иттиҳоми шиканҷаи узви собиқи ҲНИТ Комил Хоҷаназаров дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди Қирғизистон боздошт шудааст.

Ба нақл аз Ахбор, Хоҷаназаров, ки моҳи августи соли 2017 худкушӣ кард, қабл аз марг дар як навор шикоят карда буд, ки ӯро дар боздошт ба таври бераҳмона шиканҷа додаанд. Моҳи июни соли 2018 Латифҷон Юлдошев, корманди собиқи РВКД Суғд бо ҷурми шиканҷаи Хоҷаназаров ба 13 соли зиндон ва корманди собиқи шуъбаи амнияти ноҳияи Ашт Муҳаммад Наимов ба 12 соли зиндон маҳкум шуданд.

Шамсиддинов, ки худ зода ва сокини ҷамоати бо Бодканд ҳаммарзи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд, ин ҳама муддат дар қаламрави кишвари ҳамсоя дар як хона пинҳон будааст.

Ба зидди Шамсиддинов алакай бар асоси моддаи 143-юми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми шиканҷаи боздоштшудагон ва расондан ба худкушӣ айбнома эълон кардаанд. Ӯ аз ҷумлаи он кормандони мақомот аст, ки ба шиканҷа додан ва ба худкушӣ расондани Комил Хоҷаназаров, як узви собиқи ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) дар ноҳияи Ашт айбдор мешаванд.

Парвандаи худкушии Комил Хоҷаназаров яке аз пурсарусадотарин парвандаҳои як соли охир дар вилояти Суғд ба шумор меравад ва алакай боиси зиндонӣ шудани ду корманди мақомот шудааст.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони вилояти Суғд рӯзи 19 июн Латифҷон Юлдошев – собиқ корманди фаврии бахши ҷустуҷӯи ҷиноии РВКД вилояти Суғд ва корманди низ собиқи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Ашт Муҳаммад Наимовро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар шиканҷа, ҳабси ғайриқонунӣ ва маҷбур кардани гумонбар ба додани нишондоди бардурӯғ гунаҳкор шинохт.

Додгоҳ гуфт, парвандаи гумонбари сеюм дар шиканҷаи Комил Хоҷаназаров – корманди РВКД Суғд Шӯҳрат Шамсиддинов, ки фирор кардааст, баъди дастгир шуданаш алоҳида муҳокима хоҳад шуд.

Муҳаммад Наимов моҳи феврали соли 2018 дастгир шуд. Юлдошевро рӯзи 7 март бо ваъдаи ин ки "масъалааш ҳал шудааст” ба дом афтонда, боздошт карданд. Баъди рӯ задани қазияи шиканҷаи Хоҷаназаров ҳамчунин сардори шуъбаи амнияти ноҳияи Ашт Парвин Комилов таҳти бозҷӯӣ қарор гирифта буд ва аз мақомаш барканор карда шуд.

Қазияи худкушии Комил Хоҷаназаров аз ангуштшумор мавридҳоест, ки додситонии кулли Тоҷикистон бар асоси моддаи шиканҷаи Кодекси ҷиноятӣ нисбаташ парванда кушод.