Декабр 24, 2018 19:43 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон ва сафири Қирғизистон дар Душанбе

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Қирғизистонро дар Тоҷикистон Рустенбеков Жаниш қабул намуд.

Ба нақл аз Форс, баъд аз супоридани нусхаи эътимоднома, мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо сафири навтаъини Қирғизистон баргузор гашт, ки дар он масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои нақлиёт, тиҷорату иқтисод, фарҳангию гуманитарӣ ва оид ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳокима шуданд.   

Ҳамчунин, табодули афкор ҷиҳати ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ сурат гирифт.